БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ВАТАНРО БО МЕҲНАТИ СОФДИЛОНА ОБОД МЕКУНЕМ!

ҲАМАДОНӢ. Ба истиқболи сазовори ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ.  Дар ташкилоти ибтидоии «Саркокул» хониши сиёсӣ доир ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ  гузаронида шуд.

Раиси  Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизб  Давлатҷон Ғаффорзода зимни баромади худ  нуктаҳои асосии Паёми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба ҷамъомадагон шарҳу тавзеҳ дода, қайд кард, ки солҳои 2019-2021 «Солҳои рушди деҳот сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» эълон карда шудааст. Мақсади асосии эълон гардидани «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» ин боз ҳам обод кардани Тоҷикистон ва ҳалли масъалаҳои иҷтимоии аҳолӣ бо роҳи беҳтар кардани инфрасохтори деҳот мебошад.    

Ин пешниҳод ба хотири халли масъалаҳои иҷтимоии аҳолӣ бо роҳи беҳтар кардани инфрассохтор, пеш аз ҳама дар соҳаҳои маорифу тандурустӣ, таъсиси ҷойҳои корӣ,  бунёду таҷдиди роҳҳои маҳалӣ  ва баланд бардоштани некӯаҳволии мардум мебошад.

Дар иҷрои амалии Аксияи ҳизбии «Якҷоя ҳал мекунем!» сокинон барои  сохтани  ҷоий партовгоҳ истифода аз техника ва қувваи кории худ  машғул шуданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg