
ФАРХОР. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Мулоқоти раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор Алиҷон Назаров дар ташкилоти ибтидоии «Беморхонаи марказӣ» доир гардид.
Алиҷон Назаров дар назди ҷамъомадагон атрофи самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ ва Паёми навбатии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар он яке аз самтҳои муҳим-солимии ҷомеа инъикос ёфта буд, суҳбат намуда, кормандони соҳаи тандурустиро барои ҳифзи солимии ҷомеа, хизматрасониҳои босифати тиббӣ, пешгирии воридшавии маводи дорувориҳои пастсифат, бештар ба роҳ мондани корҳои тарғиботӣ барои пешгирии бемориҳои сироятии мавсимӣ раҳнамоӣ кард.
Сипас, байни иштирокчиён ва масъулини ҳизбї оид ба самтҳои гуногуни равандҳои дохилию берунии сиёсї суҳбату гуфтугузорҳои судманд сурат гирифт.