БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ТОҶИКИСТОН ПАЙВАСТА ИҚДОМҲОИ ХУДРО БАҲРИ БЕХАТАРИИ АҲЛИ БАШАР ТАРҲРЕЗӢ МЕНАМОЯД

ТЕМУРМАЛИК. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Мулоқоти навбатии кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Темурмалик дар ташкилоти ибтидоии  “Темурмалик”   баргузор гардид.

Дар ҳамоиш раиси Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизб  Раҷабзода Маҳмадсаид дар бораи  дастовардҳои ноилшудаи даврони соҳибистиқлолии кишвар  бо роҳбарии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, саноатикунонии босуръати кишвар- ҳадафи чоруми миллӣ  андешаронӣ намуд.  

Инчунин, мавсуф дар идомаи суҳбат оид ба ҳамоиши 5-уми Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё, ки баъд аз ҳар 4 сол як маротиба гузаронида мешавад,  ибрози андеша намуда, гуфт, ки  таъмини амнияти бехатарӣ, терроризм, экстремизм дар ин ҳамоиш, ки тамоми башариятро ба таҳлука андохтааст нишона аз он аст, ки Тоҷикистон пайваста иқдомҳои худро баҳри бехатарии аҳли башар тарҳрезӣ менамояд.        

Дар охир вобаста ба татбиқи  қисмати амалии Аксияи ҳизбии “Якҷоя ҳал мекунем!”  роҳравҳои  боғи фарҳангию фароғатии маркази ноҳия тахту ҳамвор ва сангфарш карда шуданд.  

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg