БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ҲАДАФ ПОКСОЗИИ ҶОМЕА АЗ ЗУҲУРОТИ НОМАТЛУБ

НОРАК.  Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Дар ташкилоти ибтидоии “Навде”-и Ҷамоати деҳоти Дуконии шаҳри Норак бо истиқоматкунандагон  вохӯрӣ доир гардид.

Дар ҳамоиши ҳизбӣ  раиси Кумитаи иҷроияи шаҳрӣ Қумриниссо Гулмуродзода, вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳр Раҳматулло Қосимов, муовини сархатиби шаҳр Аминов Муродалӣ  ва намоянда аз ШВКД  иштирок дошта,  масъулин зимни баромади худ қайд намуданд, ки мубориза бо терроризм ва экстремизм бояд яке аз самтҳои муҳимтарини ҳамкории байналмилалӣ ва талошҳои мунтаззами кишварҳо ва созмонҳои байналмилалӣ гардад. Дар ҷомеаи ҷаҳонӣ дар ҳоли ҳозир  яке аз масъалаҳои доғи рӯз ин зуҳури терроризму экстремизм ба ҳисоб меравад, ки он дар шароити ҷомеаи муосир як қатор кишварҳои оламро фаро гирифтааст, ки натиҷаи он шаҳру деҳоти зиёдеро, ки ободу шукуфон буданд, ба харобазору вайрона табдил додаанд.

Дар охир  масъулин иштирокдоронро барои аз даст надодани зиракии сиёсӣ, ҳифзи марзу буми Ватан даъват намуданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg