
ЁВОН. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Дар доираи эълон гардидани “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” дар ташкилоти ибтидоии “Ҳасан Ҳусейнов”-и деҳаи Чироғчии Ҷамоати деҳоти ба номи Ҳасан Ҳусейнови ноҳияи Ёвон вохӯрӣ баргузор гардид.
Дар ҷамъомад аз ҷониби намояндагони ҳизбӣ атрофи сиёсати инсондӯстона, хирадмандонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар масъалаи ба Ватан баргардонидани 84 нафар ноболиғон аз зиндонҳои давлати Ироқ, пешгирии шомилшавии шаҳрвандон аз ҳизбу ҳаракатҳои террористиву экстремистӣ, риояи фарҳанги миллӣ андешаронӣ карда шуда, ба занону модарони ҷамъомада барои боз ҳам рушд додани анъанаҳои неки ниёгон ба хотири арҷ гузоштан ба арзишҳои миллӣ дар Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ тавсияҳои судманд дода шуд.