БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

БАР ЗИДДИ ТЕРРОРИЗМУ ИФРОТГАРОӢ МУБОРИЗАИ БЕАМОН МЕБАРЕМ!

ВОСЕЪ. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ дар ташкилоти ибтидоии “Гулистон”-и ҷамоат деӽоти Гулистон оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ суҳбат гузарониданд.

Манучеӽри Хуршед зимни суҳбат  қайд кард, ки яке аз масъалаҳои муҳим, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ ва ҷумҳурии моро  ба ташвиш овардааст, терроризм ва ифротгароӣ мебошад, зеро зуҳуроти номатлуб, яъне терроризм ва ифротгароӣ боиси ба миён омадани оқибатҳои нохуш - таҳдид ё истифодаи зӯроварӣ, расонидани зарари вазнин, бенизомӣ, тағйири сохти конститутсионӣ дар мамлакат, ғасби ҳокимият ва азони худ кардани ваколатҳои он, барангехтани низои миллӣ, иҷтимоӣ ва динӣ мебошад.

Бинобар ин мо - шаҳрвандон, фаъолони ҷомеаро зарур аст, ки дар маҷрои ҷаҳонишавӣ бо дарки масъулият истиқлолияти худро натанҳо бо шиору гуфтор, ситоишу парастиш, балки бо меҳнати софдилона ва самимӣ дар ҳама соҳаҳо таҳким бахшем, барои таълиму тарбияи наврасон, ҷавонон дар руҳияи ватандӯстӣ, худогоҳиву худшиносӣ, инчунин ҷалби онҳо дар корҳои созандагиву ободкорӣ, ҳифзи дастовардҳои Истиқлолият саҳмгузор бошем.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg