БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ДУЗДИЮ ПЕШХЕЗӢ

(Боз як номае, ки дурӯғгӯию пастсифатии раиси ҲНИ М. Кабириро собит месозад)

ВОКУНИШ. Боиси қаноатмандӣ ва хурсандист, ки дар давоми соли ҷорӣ пойтахти давлатамон шаҳри Душанбе чандин бор маркази баргузории  ҳамоишу машваратҳои сатҳи байналмилалӣ гардид. Охирин чунин ҳамоиши  бузург – Ҳамоиши панҷуми машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё (МҲТБО) буд, ки  аз 14 то 15 июни соли равон дар шаҳри Душанбе бо иштироки сарони давлатҳо, намояндагони ташкилотҳои бонуфузи ҷаҳонӣ, намояндагони воситаҳои ахбори омма доир карда шуд.

Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё анҷумани байнидавлатӣ ва созмони минтақавист, ки соли 1992 бо дастгирии СММ таъсис ёфта, мақсади асосии он баррасии масъалаи амният ва ҳамкорӣ дар қитъаи Осиё, саҳмгузорӣ дар мубориза бо терроризму экстремизм, қочоқи маводи мухаддир ва ҷинояткории фаромиллӣ мебошад.

Сокинони кишвар аллакай дар бораи баргузорӣ ва натиҷаҳои бадастомадаи Ҳамоиши панҷуми Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё огаҳӣ доранд.

Мақсад аз навиштани ин мақола ҷавоб ба “нома”- и беҳаёона, рӯбоҳона, фиребандаи раиси ҳизби террористӣ-экстремистии Ҳизби наҳзати ислом   (ҲНИ) аст, ки пеш аз оғози ҳамоиши машваратӣ рӯзи 13 июни соли 2019 дар сомонаҳои ин ташкилот нашр гардид.

Имрӯз дигар ҷойи баҳс нест, ки ҲНИ ҳизби террористӣ буда, ҷанги шаҳрвандии солҳои навадуми асри гузашта дар ҷумҳурӣ бо дастони саркардагони ин ҳизб ва маблағгузории хоҷагони хориҷӣ барангехта шуда буд.

Аъзои ин ташкилот бо  роҳбарӣ ва маблағгузории хоҷагони хориҷиашон мехостанд сохти конститутсиониро дар Тоҷикистон дигар намуда, ба ҷойи он давлати исломӣ барпо намоянд. Онҳо мақсади на танҳо дигар кардани сохтори давлатдорӣ, балки аз байн бурдани мазҳаби гузаштагонамон Мазҳаби Имоми Аъзамро низ доштанд . Мисол: Ҳамаи аъзои ташкилоти террористии ҲНИ мазҳаби шиаро қабул намуда  ва барои дар байни мардум паҳн кардани он аз тамоми шароиту имкониятҳои барояшон фароҳамшуда истифода менамуданд. Ин нуктаро баромади телевизионии шахсиятҳои маъруфу машҳури ин ҳизб Айёмиддин Сатторов (мубалиғи ин ҳизб), Сайид Қиёмидини Ғозӣ,( ки ба он сарварони ҳизб унвони “генерали мардумӣ” дода буданд), Абдураҳим Каримов (Мулло Абдураҳим) ва дигарон, инчунин кӯшиши табаддулоти давлатӣ бо сардории Ҳоҷӣ Ҳалим Назарзода  ба таври возеҳ рӯшан сохта буд.

Дар “нома”- и пурхатое, ки аз номи сарвари ҲНИ М. Кабирӣ интишор шудааст, ба сарони давлатҳои иштирокчии Ҳамоиши панҷуми Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё “арз” карда мешавад, ки онҳо нисбати терроризму террористон ва сарнагун кардани омилҳои рушди он аз чораҳои шадидтар кор бигиранд.

Ин нома маънои онро дорад, ки ҲНИ ҳизби террористӣ нест ва аъзои ин ҳизб террорист ва ифротгаро нестанд. Баръакс аъзои ин ҳизб аз Кабирӣ сар карда то охирин аъзои он ба муқобили терроризму экстремизм мубориза мебаранд ва ҳатто ба сарони давлатҳо дар мубориза ба терроризму экстремизм  дастур медиҳанд.

Аз ин  дида пастсифатӣ, бехирадӣ (намедонам ин амалро боз ба кадом рафтори бехирадона ташбеҳ додан мумкин аст) шуданаш мумкин нест. Шояд  мардум дар ҳамин ҳолат ва ба ҳамин монанд одамони пасту дурӯя, нокас, туҳматчӣ, дурӯғгӯй, фиребгар, ки айбу гуноҳи худро нодида мегиранд ва бар замми гуноҳҳои нобахшиданӣ ба дигарон панд медиҳанд, сухани пурмаънои “Дуздию пешхезӣ” – ро нисбат дода бошанд, ки  ҳақ бар  ҷониби онҳост.

Ин қабил одамон нангу номус надоранд. Даркор шавад барои маблағу мансаб шуда, Ватани худ, миллати худ ва ҳатто фарзанди худро қурбон месозанд, мефурӯшанд.

Баъди чунин “дурӯғнома” касе мутолиа намуда бошад, ҳаминро мегӯяд,  садқаи обу хок ва табиати Тоҷикистон шавед, беномусҳои Ватангадо. Хас каму ҷаҳон пок!

Сайидҷалол Сатторов, мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ховалинг          

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg