
АНДЕША. Ваҳдат миллӣ - рамзи мутаҳидӣ, сарҷамъӣ, ягонагӣ ва беҳтарин неъмат барои таҳкими давлат ва наҷоти миллат аст.
Ваҳдат ва сулҳи умумимиллии тоҷикон, беҳтарин намунаи сулҳофарӣ дар ҷаҳон аст. Мавриди зикри хос аст, ки аксарияти кишварҳои ҷаҳон бо роҳи ваҳдату ягонагии миллат тавонистанд ба қуллаҳои баланди рушд бирасанд. Агар дар давлат ваҳдати мардум пойдор набошад истиқлолияти кишварро муҳофизату мустаҳакам кардан ва ягонагии мардумро утувор кардан ғайри имкон аст. Танҳо дар сурати пойдории Ваҳдат душвориҳо ва монеаҳо паси сар мешаванд, рӯзгори мардум рӯ ба беҳбудӣ меорад, кишвари азизамон ба шоҳроҳи пешрафту тараққиёт рӯ меорад.
Ҳарчанд мо, ҷавонони даврони соҳибистиклолии Ватан дар солҳои воқеаҳои сиёсии Тоҷикистон ҷанги шаҳрвандии солҳои 1992-1997-ро надида бошем ҳам, аммо тавассути оинаи нилгун, матбуоти даврӣ, асару мақолаҳои адибону рӯзноманигорон ва олимон аз воқеаҳои солҳои 90-уми қарни ХХ бохабар гардида, шукургузорӣ аз қарорҳои қабулкардаи Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва заҳмату талошҳои фарзандони фарзонаи миллат, хусусан Пешвои муаззами миллат менамоем. Маҳз ҳамин Иҷлосияи тақдирсоз фарзанди фарзонаи миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба сари қудрат овард. Дар аснои он Пешвои миллат чунин иброз намуда буданд, ки бо тақозои таърих, на танҳо тифли дар гаҳвора будаи истиқлолиятро наҷот дод, балки тақдири ояндаи ӯро муайян сохт ва Тоҷикистони тозаистиқлолро ба сӯи ҷомеаи мутамаддин ва арзишҳои волои башарӣ ҳидоят намуд.
Бигзор сулҳу Ваҳдати миллии мо тоҷикон ҳамеша побарҷо бошад ва миллати мо бо фарҳанги куҳани хеш ҳамеша дар зери ливои ваҳдату дӯстӣ ва ягонагӣ сарҷамъ бошанд.
Сорбони Миралӣ,
донишҷӯ-таҷрибаомӯзи Донишгоҳи
давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав