
КӮЛОБ. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Олимон” масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кулоб вохӯрӣ баргузор гардид.
Зимни мулоқот ҷонишини ректори ДДК Холиқов Сафар, шоир Лутфулло Тураев, муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб Фирӯзи Саидмӯъмин ва дигар шахсони расмӣ иштирок ва баромад намуданд.
Нахуст, Холиқов Сафар дар суханронии худ қайд кард, ки дар таърихномаи ҳар як миллат саҳифаҳои сабақомӯз ва пурарзише ҳаст, ки аз иқдоми нек ва хирадмандона ба нафъи халқу Ватан башорат медиҳад ва барои наслҳои минбаъда ҳамчун чароғи ҳидоят хизмат мекунанд. Чунин саҳифаи зарин барои миллати тоҷик Созишномаи умумӣ дар бораи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ мебошад.
Инчунин, Фирӯзи Саидмӯъмин дар рафти маҷлис изҳор дошт, ки пирӯзии сулҳу салоҳ, ваҳдат ва ҳамгироии мардуми Тоҷикистон, ки аз хидматҳои таърихии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷодаи эҳёи миллат ва давлатдории миллӣ мебошад, ба эъмори ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва иҷтимоӣ дар кишвари мо роҳ кушод ва бо ҳифзи арзишҳои миллӣ ва мазҳабии тоҷикон пояҳои онро устувор намуд.
Дар фарҷом ба як қатор фаъолон барои саҳм доштан дар амалигардонии ҳадафҳои Барномавии ҲХДТ бо Сипосномаҳои ҳизбӣ қадршиносӣ шуданд.