БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

СОКИНОН ТАШАББУСҲОИ БЕНАЗИРИ ПЕШВОИ МИЛЛАТРО САМИМОНА МЕПАЗИРАНД

ХУРОСОН. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Бо иштироки раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Хуросон Саидзода Раҳмон дар ташкилоти ибтидоии «Шар-Шар»-и ҷамоати деҳоти Фахробод атрофи самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ вохӯрӣ баргузор гардид.

Мавсуф зимни ироаи андеша дар бораи  дастуру супоришҳои Роҳбарияти Олии ҲХДТ,  дастовардҳои даврони соҳибистиқлолии кишвар ва Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё, ки  дар шаҳри Душанбе санаи 15.06.2019 шуда гузашт,  сухан ронда, ҳамагонро барои боз ҳам ободу шукуфон шудани Ватани азизамон ба корҳои созандангӣ даъват намуд.

Ҳамзамон, масъулини ҳизбӣ оид ба самтҳои гуногуни равандҳои дохилию беруние, ки дар ҷумҳурӣ рафта истодааст суханронӣ намуда, аз ҳозирин даъват ба амал оварданд, ки ҳушёрию зиракиро аз даст надиҳанд.

Дар охир чанде аз  сокинон ҳавасмандии худро нисбати ташаббусҳои неки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  баён доштанд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg