БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ДАР МАҶЛИСИ ҶАМЪБАСТӢ ВАЗИФАҲОИ НАВБАТӢ МУШАХХАС ГАРДИДАНД

ДӮСТӢ. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Маҷлиси  Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Дӯстӣ оид ба ҷамъбасти  фаъолияти Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизб дар шашмоҳаи якуми соли  ҷорӣ  доир гардид.

Дар маҷлиси мазкур 3-масъала мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифт, аз он ҷумла ҳисоботи фаъолияти  Кумитаи иҷроияи  ноҳиявӣ  дар шаш моҳи  аввали  соли 2019, ташкил ва тасдиқи Ситоди обуна  - 2020 ба нашрияҳои ҳизбии “Минбари халқ” ва “Ҳамрози халқ”, тасдиқи ҷадвали корӣ барои  гузаронидани хонишҳои сиёсӣ, суҳбату вохӯриҳо ва татбиқи амалии Аксияи ҳизбӣ таҳти унвони «Якҷоя  ҳал мекунем!» барои нимсолаи дуюми соли 2019  масъалагузорӣ карда шуд.

Маҷлисро раиси Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҲХДТ Ҳуснигул Одиназода оғоз намуда,  дар бораи фаъолияти Кумитаи иҷроия  дар 6 моҳи аввали соли 2019 маълумоти муфассал пешниҳод намуд.

Инчунин, дар ин раванд дигар масъалаҳои болозикр мавриди баррасӣ қарор дода шуда,  барои иҷрои вазифаҳои навбатӣ ба масъулин тавсияҳои судманд дода шуд.

Ҳамзамон, дар маҷлис раиси ташкилоти ибтидоии «Маорифчиён»  ва чанде аъзои Гурӯҳи фарҳанги сиёсӣ ба музокира баромада, ҳисоботи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи  Дӯстиро қаноатбахш ҳисобиданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg