БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ҶОМЕАИ ОГОӼ ҶОМЕАИ СОЗАНДА АСТ!

ВОСЕЪ. Дар доираи Соли бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Дар деӽаи Сомонии ҷамоати деӽоти ба номи Худоёр Раҷабови ноӽияи Восеъ бо иштироки кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизб оид ба  самтӽои афзалиятноки фаъолияти ӼХДТ вохȳрӣ баргузор гардид.

Дар чорабинӣ раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ Сафарова Ӽафиза атрофии самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ андешаронӣ карда, қайд намуд, ки тавре маълум аст, дар баробари ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ дар зери таъсири гурӯҳҳои алоҳидаи дохилӣ ва хориҷӣ  ҳаракатҳои демокративу озодихоҳ пайдо шуданд, чанде баъд ин ҳаракату гурӯҳҳои хусусияти дини касб карда, ҷомеъаи моро ба оташи ҷанг кашиданд, ки натиҷаи манфии онро то ҳол эҳсос мекунем.

Ҷиҳати пешгирӣ кардани чунин падидаҳои номатлуб ва оқибатҳои иртиҷоии он, баҳри ҳифзи арзишҳои милливу мазҳабии мардуми шарифи тоҷик зарурати аз нигоҳи қонунгузорӣ танзим намудани масоили динӣ пеш омад. Хушбахтона баъд аз ба даст овардани истиқлолият соли 1994 ва 2008 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ», инчунин Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», ки дар асоси таклифу пешниҳодоти мардуми кишвар қабул гардид. Дар ин замина мо бояд таҳдид ва хатарҳои тундгароӣ, ифротгароӣ ва терроризмро, ки хусусияти динӣ касб кардаанд ва таҳдид ба ҳаёти мусулмонон ва умуман ислом доранд, муайян намуда, интишори онҳоро дар ҷомеа пешгирӣ намоем иброз дошт Ҳафиза Сафарова.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg