БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

САФИ АЪЗОИ ҲХДТ ДАР БОХТАР ЗИЁД МЕШАВАД

БОХТАР. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ Боиси хурсандӣ ва сарфарозист, ки имрӯзҳо эътимоду боварии шаҳрвандон  нисбати ҲХДТ баланд шуда,   барои шомилшавӣ ба сафи ҳизб  ариза пешниҳод мекунанд.

Ин аст, ки гурӯҳи кормандони ансамбли халқӣ- этнографии “Хутал”-и Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон барои пайвастан ба сафи ҲХДТ ариза пешниҳод карданд.

Дар назди ҳозирин намояндагони Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизб доир ба ҳадаф, мақсаду фаъолияти ҲХДТ, Оиннома ва барномаи ҳизбӣ, масъулияти аъзои ҲХДТ, татбиқи сиёсти пешгирифтаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дар амал татбиқ намудани ҳадафҳои миллии стратегӣ, баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ ва ғайра ибрози андеша карданд.

Дар охир раиси ташкилоти ибтидоӣ зикр намуд, ки аъзои нави ҲХДТ дар ташкилот  миёни омма рафтори намунавӣ дошта бошанд, аз ҳамаи шумо талаб карда мешавад, ки бо рафтори намунавӣ ва тамоми нерӯи тавоноии хешро баҳри шукуфоии Ватан равона созед.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg