БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

СОКИНОН ДАР ОБОДОНИИ ДЕҲА САҲМГУЗОРАНД

ХОВАЛИНГ. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Дар ташкилоти ибтидоии “Зелолак” бо иштироки кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ховалинг оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ  хониши сиёсӣ  доир карда шуд. 

Мудири шуъбаи ташкилии Кумитаи иҷроияи ноҳиявӣ   Ҷалолиддин Қаюмов баромад намуда, дар бораи 14 самти  афзалиятноки  фаъолияти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ба таври муфассал ва хеле фаҳмо маълумот дод.

Ҳозирин аз баромад дар бораи пешниҳодҳои дар Паём ироагардида, истифодаи сарфакоронаи нерӯи барқ, хатари афзояндаи терроризм,  пешгирии ҷавонон аз гаравидан ба ҳизбу ҳаракатҳои террористӣ, зарурат ва аҳамияти риояи фарҳанг ва урфу одати миллӣ ва дигар масъалаҳои барои ҳаёти осоиштаи онҳо зарур бохабар гардиданд.

Баъдан Аксияи ҳизбии “Якҷоя ҳал мекунем!” роҳандозӣ карда шуда, дар кандани ҷӯйи оби полезӣ фаъолона иштирок ва саҳмгузорӣ намуданд.  

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg