БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ҲХДТ – ҲИЗБИ МАРДУМӢ ВА ҲАДАФИ АСЛИАШ ХИЗМАТ БА ХАЛҚУ ВАТАН АСТ

БАЛҶУВОН. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Чашмасори” ҷамоати деҳоти ба номи Сайф Раҳимови ноҳияи Балҷувон  оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ вохӯрӣ доир карда шуд.

Зимни суҳбат масъулини ҳизби ноҳия вобаста ба  амалӣ намудани ҳадафҳои созандаи ҲХДТ, аз ҷумла пешгирии зӯроварӣ дар оила ва пошхӯрии оилаҳои ҷавон, пешгирӣ аз шомилшавии  ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, хурофоту бегонапарастӣ ва сазовор истиқбол гирифтани  ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ  андешаронӣ карда, изҳор доштанд, ки ҳамеша баҳри амалӣ намудани ҳадафҳои  барномавии ҲХДТ, ки  ҳадафи аслиаш  хизмат ба халқу Ватан мебошад, камари ҳиммат баста, дар корҳои созандагию бунёдкорӣ саҳмгузор бошем.

Сипас, байни  кормандони ҳизбӣ ва сокинон суолу муколламаҳои судманд сурат гирифта, ҳамагон  ба худ ҷавобҳои мушаххас  гирифтанд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg