БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

БИЁЕД, БАРОИ БЕҲДОШТИ ЗИНДАГИАМОН ТАЛОШ ВАРЗЕМ!

ШАҲРИТУЗ. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ.  Дар деҳаи Чорбоғи Ҷамоати деҳоти Пахтаободи ноҳияи Шаҳритуз оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ  хониши сиёсӣ баргузор гардид.

Зимни  мулоқот масъулини ҳизби ноҳия дар бораи ҳодисаи дар маҳбаси шаҳри Ваҳдат ба вуқӯъомада,  пешгирии ҷавонон аз шомилшавӣ ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, муҳоҷирати қувваи корӣ ба давлатҳои хориҷа, ки ин ҳама аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ мебошанд,  ибрози андеша карданд.

Сухарониҳои таъсирбахш писанди сокинон гардида, ҷонибдории хешро  аз ҳадафҳои созандаи  ҳизб арзёбӣ намуданд.

Дар охир Аксияи ҳизбии “Якҷоя ҳал мекунем!”   доир карда шуда,  пиру барнои ин деҳа дар тоза намудани  гирду атрофи  маҳали зисти худ ва оромгоҳи  деҳа саҳм гузоштанд.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg