БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

САҲМИ СОКИНОН ДАР ОБОДОНИИ ДЕҲА ЗИЁД БА ЧАШМ МЕРАСАД

ФАРХОР. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Дар деҳаи Меҳрободи   Ҷамоати деҳоти Дарқади ноҳияи Фархор  вобаста ба самтҳои афзалиятноки  фаъолияти  ҲХДТ бо ҷалби  васеи  аҳолӣ  ва татбиқи Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони «Якҷоя ҳал мекунем!» хониши сиёсӣ ва корҳои ободонӣ баргузор  гардид.  

Масъулини ҳизбӣ зимни суҳбат доир ба ҳадафҳои созандаи ҲХДТ,  сиёсати  хирадмандонаи  Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар рушду ободии Ватан  дигар масъалаҳои ҳаётан муҳим андешаронӣ карда, ҳамагонро барои саҳм  гузоштан  дар  корҳои созандагӣ раҳнамоӣ намуданд. 

Дар Аксияи ҳизбӣ  сокинон корҳои ободониро вусъат дода, ҷӯйборҳои обрави дохили деҳаро аз партовҳо тоза намуданд.

Аз иқдомҳои  неку ояндадори ҲХДТ   иштирокдорон  миннатдор буда,  чанде аз он иброз доштанд, ки чунин вохӯриву суҳбатҳои муфид пайваста доир карда шаванд.  

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg