БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

СИҲАТИИ МАРДУМ – СОЛИМИИ ҶОМЕА МЕБОШАД

ТЕМУРМАЛИК. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Мулоқоти кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Темурмалик дар ташкилоти ибтидоии “Беморхонаи Ватан”-и ноҳия  баргузор гардид.

Дар ҷамъомад нахуст суханро раиси Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизб Раҷабзода Маҳмадсаид оғоз намуда, ҳамагонро ба ҷашни 22 – солагии Ваҳдати миллӣ муборакбод намуда, атрофи  самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ ва дастовардҳои ноилшудаи даврони соҳибистиқлолии кишвар бо роҳбарии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сухан ронд.

Сипас, мавсуф дар бораи   ҳамоиши 5-уми машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё, ки баъд аз ҳар 4 сол як маротиба гузаронида мешавад, ибрози андеша намуд, ҷамъомадагонро барои расидан ба ғамхориҳои Роҳбари давлат  даъват кард.  

Дар охир вобаста Аксияи ҳизбии “Якҷоя ҳал мекунем!”  саҳни беморхона тозаву озода карда шуда, атрофи бино ба тартиб дароварда шуд.

   

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg