БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ВАҲДАТ САРҶАМЪИИ МАРДУМ АСТ!

ПАНҶ. Дар бораи  Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ.  Вохўрии навбатии кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Панҷ бо аъзо ва ҷонибдорони ҳизб дар ташкилоти ибтидоии “Регистон” баргузор гардида, дар он фаъолияти шашмоҳаи ташкилоти ибтидоии мавриди баррасӣ қарор гирифт.

         Нахсут Файзизода Каримҷон – раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Панҷ ҳамагонро бо ҷашни муҳими давлатӣ Ваҳдати миллӣ табрик намуда, қайд намуд, ки ҳама он ободиҳои кишварамон аз Ваҳдат аст ва посдории он сарҷаъмии  мардум аст.

         Наимов Сайраҳмон – раиси ташкилоти ибтидоии «Регистон» дар баромадаш оид ба фаъолияти аъзо ва фаъолони ҳизби маҳал ибрози андеша намуд. Қайд намуд, ки дар 6-моҳи соли ҷорӣ мардуми маҳал дар ободонӣ ва бунёдкорӣ фаъолона иштирок намуда, бо ин амалашон дар сазовор истиқбол намудани ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ ҳиссагузор шуданд.

Аз ҷумла,  0,5 км роҳи дохили маҳалла сангфарш, 2 кўчаи маҳала чароғон ва зиёда аз 1 км ҷўйборҳои обгузар тоза карда шуданд. Дар охир қайд намуд, ки ҳамин гуна корҳои ободонӣ ва корҳои хайриявӣ то ҷашни фархундаи Истиқлолият идома хоҳанд ёфт.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg