БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

МАЪЮБОН БА ҒАМХОРӢ НИЁЗ ДОРАНД

ЁВОН. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Дар доираи дастуру супоришҳои Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бобати гирифтани дасти бенавоён, расонидани кӯмак ба оилаҳои ниёзманду ятимон, гирифтани дасти маъюбону барҷомондагон бахшида ба  22-солагии Ваҳдати миллӣ намояндагони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ёвон  ба аёдати кӯдакони маъюби Муассисаи давлатии хона-интернати пиронсолон ва маъюбони ноҳия рафта, ба онҳо кӯмаки яквақтаинаи моддӣ расонида, барномаи консертӣ намоиш доданд.

Дар ин рӯз шодиву нишоти бошандагонро ҳадду канор набуд. Маъмурият ва бошандагони  муассисаи мазкур кӯмаки навбатиро давоми ғамхориҳои навбатии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати дастгирии табақаи ниёзманди ноҳияи Ёвон  арзёбӣ намуда,  миннатдории хешро ба Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизб баён карданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg