БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ОСОИШТАГИИ МИЛЛАТ АЗ ВАҲДАТ АСТ!

КӮЛОБ. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. “Таҷрибаи сулҳи тоҷикон” таҳти ин унвон Конференсияи илмӣ – назариявӣ дар ташкилоти ибтидоии “Коллеҷи тиббӣ” баргузор  карда шуд.

Зимни суханронии Орзу Ҳамидиён раиси Кумитаи иҷроияи шаҳрии ҲХДТ иброз дошт, ки беҳуда нест, таҷрибаи тоҷикон дар таъмини сулҳу салоҳ, ба Ватан баргардонидани зиёда аз 1 миллион нафар гурезагон ва таъминоти ичтимоии онҳо аз ҷониби ташкилотҳои бонуфузи ҷаҳонӣ, ба монанди СММ ҳамчун модели сулҳовар қабул гардидааст. Ҳамаҷониба беҳгардонии ин таҷриба дар мавриди рух додани чунин низою муноқишаҳо барои ҳарчӣ зудтар ёфтани роҳи ҳалли онҳо мусоидат менамояд. Мавсуф дар идома қайд кард, ки гуфтушуниди тоҷикон ва сулҳи тоҷикону тоҷикистониҳо ба ном ва кӯшишу ғайрати бевоситаю ҷоннисории Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайвастагии зич дорад. Зеро таҷрибаҳо нишон дод, ки аз тахрибкорӣ ба бунёдкорӣ гузаштан кори осон набуда, на ҳар давлату миллат ва роҳбари давлат аз уҳдаи ин мебарояд. Аз ин рӯ барои ҳар яки мо шаҳрвандони ин диёр қарз аст, ки ваҳдату ягонагӣ ва сулҳу оромиро дар мамлакатамон то абад нигоҳ дорем.

Дар фарҷом ба як қатор фаъолон барои саҳми арзанда гузоштан дар амалӣ намудани ҳадафҳои Барномавии ҲХДТ бо Сипосномаҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб қадршиносӣ  карда шуданд.

Зимни Аксияи ҳизбии  “Якҷоя ҳал мекунем!” бошад, бо ташаббуси аъзо ва ҷонибдорони ҳизб таъмири ҷорӣ гардида, корҳои созандагӣ бо маром идома доранд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg