БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ВАҲДАТ АСТ, КИ МЕСОЗЕМУ БУНЁД МЕКУНЕМ!

АНДЕША.  Бисту ду   сол қабл,  27 июни соли 1997 бо талошҳои пайваста ва ҷоннисориҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон ба имзо расонида шуд. Баъди ин рӯйдод дар ҳаёти сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангии мамлакат марҳалаи нав оғоз гардид.

Бояд гуфт, ки дар аввали солҳои 90 - уми асри гузашта, вақте  ки Тоҷикистон акнун ба истиқлолият расида буд ва мардуми мо нахустин пояҳои бинои давлатдории муосири худро  мегузоштанд, бадхоҳону хоинони миллати  тоҷик кишвари моро ба низои дохилӣ, муқовимати сиёсӣ ва мухолифати мусаллаҳона гирифтор карда, дар як муддати кӯтоҳ  Тоҷикистони тозаистиқлолро  ба гирдоби ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ кашиданд.

 Бадхоҳони миллати мо мехостанд бо ҳидояту раҳнамоӣ ва маблағгузории хоҷагони хориҷии худ сохти конститутсионии давлатро тағйир диҳанд. Дар он рӯзҳо Конститутсия ва қонунҳои мамлакат зери по шуда буданд ва ҳеҷ кас ба шаҳрвандон кафолати зинда монданро дода наметавонист.

Ҷанги даҳшатноки таҳмилӣ, ки қариб панҷ сол идома ёфт, боиси ба ҳалокат расидани беш аз 150 нафар шаҳрандон, гуреза шудани зиёда аз як миллион нафар ҳамватанамон ва харобу валангор шудани даҳҳо ҳазор манзили зист, мактабу беморхона ва дигар муассисаҳои иҷтимоиву иншооти  ҳаётан муҳим гардид.  

Дар он айёми фоҷиабор афроди воқеан дурандешу ватандӯсти миллат амиқ дарк карда буданд, ки роҳи ягонаи наҷот аз хатари ба сари халқи тоҷик омада қатъи ҳарчи зудтари хунрезӣ ва таъмини сулҳ тавассути созишу ҳамдигарбахшӣ буд.

Баъди имзои Созишномаи сулҳ қариб як милион нафар ҳамватанони гуреза ва дур аз Ватан мондаамон ба маҳали зист ва хонаву манзилашон  баргардонида шуданд.

Баробари барқарор гардидани сулҳу субот  дар ҷомеа  имконият пайдо гардид, ки ба тарҳрезиву  татбиқи барномаву нақшаҳои муҳимтарини иқтисодиву иҷтимоӣ  бо мақсади таъмин намудани истиқлолияти энергетикӣ, аз бумбасти каммуникатсионӣ раҳоӣ бахшидани кишвар ва ҳифзи амнияти озуқавории мамлакат оғоз гардид.

 Боиси қаноатмандист, ки   имрӯз таҷрибаи дар фосилаи кӯтоҳи таърихӣ хомӯш кардани алангаи фоҷиабори ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ  аҳамияти байналмилалӣ касб карда, таҷрибаи сулҳи тоҷикон аз ҷониби созмонҳои бонуфузи ҷаҳонӣ эътироф гардидааст.

Бунёди давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ, ки  дар Тоҷикистон  бо қадамҳои устувор пеш меравад, далели равшану возеҳи тантанаву сулҳу  оромӣ, Ваҳдати миллӣ ва ҳамдигарфаҳмии халқи азизамон мебошад.  

Ду сол баъд яъне 9 –уми сентябри  соли 2021 Тоҷикистони соҳибистиқлоли мо сисола мешавад. Ба хотири истиқболи шоиставу арзандаи ин ҷашни мубораку муқаддас бо истифода аз ҳамаи захираву имкониятҳо дар тамоми қаламрави кишвар – аз маркази вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо то деҳаву маҳаллаҳои аҳолинишин корҳои ободониву бунёдкорона вусъати тоза пайдо намудааст.

Дар ноҳияи Ховалинг ҳам корҳои омодагӣ ба ҷашн рӯз то рӯз вусъати тоза меёбад. Бе ягон муболиға Ховалинг чунин вусъати корҳои сохтмониро ёд намедиҳад.

Вақте дар кӯчаю маҳаллаҳо қадам мезанию дар ҳар қадам созандагию бунёдкориро мебинӣ дилат аз фараҳ лабрез мегардад. Имрӯз бо баракати сулҳу ваҳдат, сиёсати созанда ва бунёдкоронаи Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Ховалинг симои худро ба куллӣ дигар намудааст. Аз ин рӯ, мо ҳамагон шукри сулҳу ваҳдат мекунем. Шукри онро мекунем Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро мекунем, моро ба ин рӯзҳои неку фархунда, ба зиндагии шоиста расонид.

 

Халилзода Сафар Хоҷа,  раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ховалинг 

  

  

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg