ЛЕВАКАНТ. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Дар толори маҷлисгоҳи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Левакант бахшида ба 22-юмин солгарди Рӯзи Ваҳдати миллӣ таҳти унвони «Ваҳдати мо ваҳдати ҷовидонист!» Конференсия доир гардид.
Намояндагони Кумитаи иҷроияи шаҳрии ҳизб доир ба аҳамияти таърихии Ваҳдати миллӣ дар пойдории сулҳу субот ва Истиқлолияти давлатӣ сухан гуфтанд.
Аз ҷумла дар суҳбат қайд гардид, ки ба таърих ва сарнавишти миллатамон назар афканда, аз дастовардҳо ва бурду бохти он ёдовар шудан зарур ва ҳатмист ба он хотир, ки имрӯзҳо бояд тамоми мардуми кишвар, махсусан насли ҷавони имрӯзу ояндасози мо аз он ифтихор намоянд, сабақ гиранд, ба мероси бузурги маънавӣ ва фарҳангии ниёгонамон арҷ гузошта, ин неъмати илоҳӣ - иттиҳоду ягонагӣ, ҳамзистиву осоиштагии миллиро чун гавҳараки чашм эҳтиёт кунанд. Зеро ғояҳои олии Ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон ормони азалии халқи бунёдкори мо маҳсуб мешавад ва бо татбиқи ҳарчӣ бештари он пояҳои давлатдории миллии мо мустаҳкаму шикастнопазир гардида, боиси болоравии камолоти маънавии мардум ва ҷомеа мегардад.