ПАНҶ. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Бо аъзо ва ҷонибдорони ташкилоти ибтидоии Файзобод-қалъаи Ҷамоати деҳоти Намунаи ноҳияи Панҷ таҳти шиори «Тарғиби либоси миллӣ- омилест барои рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» бо иштироки масъулони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия мулоқот роҳандозӣ гардид.
Файзизода Каримҷон – раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия зимни суханронӣ қайд намуд, ки дар Паёми навбатии худ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон солҳои 2019-2021-ро “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» эълон намуданд.
Бо дастгирӣ ва шароитҳои муҳайёнамудаи давлату ҳукумат вобаста ба рушди ҳунарҳои мардумӣ, дар тамоми шаҳру ноҳияҳо бо ҷалби занон ва духтарони хонанишин марказҳои махсуси касбомўзӣ ташкил карда шудааст. Ин дастгириҳои Пешвои миллат ҳунармандон ва соҳибкоронро вазифадор менамояд, ки бо рушди ҳунарҳои мардумӣ саҳмгузорӣ намуда, ба хориҷиён дар баробари дигар ҳунарҳои мардумӣ либоси миллии занони тоҷикро, ки таърихи қадима дорад, муаррифӣ намоянд.