БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ВАҲДАТИ МИЛЛӢ ПАДИДАИ НОДИРУ ПУРАРЗИШ АСТ БАРОИ ХАЛҚИ ТОҶИК

БОХТАР. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Дар ташкилоти ибтидоии “Ҷасорат” оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ вохӯрӣ доир карда шуд.

Дар ҳамоиш раиси Кумитаи иҷроияи  ҲХДТ дар шаҳри Бохтар Наҷидуллоев Тавакал иштирок дошта, дар оғоз ҳозиринро ба Рӯзи  Ваҳдати миллӣ табрику таҳният гуфта, қайд кард, ки Ваҳдати миллӣ барои мардуми тоҷик ки дар охири асри ХХ азобу машаққатҳои ҷанги шаҳрвандиро кашиданд, бисёр азизу муққадас аст. Ваҳдати миллии тоҷикон бо талошу заҳматҳои бевоситаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба даст омадааст. 

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша таъкид медоранд, ки “Рӯзи Ваҳдати миллӣ барои миллати сулҳпарвари мо падидаи нодиру пурарзиши таърихи даврони соҳибистиқлолии кишвар ва самараи ҷаҳду талошҳои созандаи фарзандони бонангу номуси тоҷик буда, ҳар сол дар фазои орому осуда, иттиҳоду ҳамдигарфаҳмӣ ва вусъати бесобиқаи иқдому амалҳои созанда таҷлил мегардад”.

Дар ба фаъолон барои саҳми арзанда гузоштан дар ҳадафаҳои барномавии ҲХДТ бо Сипосномаҳои  Кумитаи иҷроияи шаҳрӣ  тақдим карда шуд. Ҳамзамон  ба чанд тан аз аъзои ташкилоти шаҳоданомаҳои  ҳизбӣ супорида шуд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg