БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

МАЪРИФАТИ СИЁСИИ СОКИНОН ДАР МАҲАЛ БАЛАНД АСТ!

ДАНҒАРА. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Бо мақсади шарҳу тавзеҳи ҳадафҳои барномавии ҲХДТ дар ташкилоти ибтидоии “Даштак”-и  ҷамоати деҳоти Лолазори ноҳияи Данғара   оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизбӣ хониши  сиёсӣ баргузор гардид.

Дар вохӯрӣ  Каримзода Пирмуҳаммад   раиси Кумитаи иҷроияи ноҳиявӣ иштирок намуда, атрофи дастовардҳои дар замони Истиқлолият, ободӣ аз Ваҳдати миллӣ, баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ, Даҳсолаи байналмилалии амал "Об барои рушди устувор, 2018-2028”, “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ”, эҳёи ҳунарҳои мардумӣ, сохтмони мактабҳои замонавӣ бо дастгирии соҳибкорони муваффақ ҷиҳати истиқболи сазовори 30- солагии Истиқлолияти давлатӣ, татбиқи самараноки барномаҳои созандагии рушди маҳал ва деҳот суханронӣ намуд. Сипас, байни иштирокчиён ва кормандони масъули ҳизбӣ оид ба самтҳои гуногуни равандҳои дохилию берунии сиёсӣ суҳбату гуфтугузорҳои судманд сурат гирифта, сокинон  аз   ҳамоищи ҳизбӣ  ба худ  маълумотҳои даркорӣ пайдо намуданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg