БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Пешвои миллат ба рушди ҳунарҳои мардумӣ заминаи мусоид фароҳам оварда, ба касбу ҳунарҳои мардумӣ ва эҳёи фарҳанги миллатамон умри дубора бахшид

ПАНҶ. Ҷиҳати амалӣ шудани дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба эълон гардидани соли 2018 ҳамчун Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар муассисаҳои таълимии ноҳияи Панҷ як қатор чорабиниҳои фарҳангӣ баргузор гардида истодааст.

Дар муассисаи таълимии №5-и  ҷамоати деҳоти «Нури Ваҳдат» бо ташаббуси бахши кор бо занони Кумитаи иҷроия ва намояндагии ТҶҶ «Созандагони Ватан» озмуни ҳунарии «Ҷиллои ҳунар» бо иштироки муҳасиллини муассисаҳои таълимӣ  баргузор гардид.

Сараввал роҳбари намояндагии ТҶҶ «Созандагони Ватан» чорабинии фарҳангиро ҳусни ифтитоҳ бахшида, ҳамагонро бо Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ табрик гуфт. Инчунин  қайд намуд, ки Президенти кишвар  дар Паёми навбатӣ соли 2018-ро Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон доштанд, ки басо рамзист. IMG_20180214_123529.jpg

Ҳунарҳои дӯзандагӣ ва кашидадӯзиҳои тоҷикон хеле таърихи қадима дошта, дар давраи ба мо дастрасшуда ҳунармандони кашидадӯз намудҳои гуногуни сӯзанӣ, гулдӯзӣ, чакандӯзӣ, ҷойнамоз, рӯйҷо, зардевор, зебидевор, рӯймолҳои занонаву мардона, болинҳои арӯсӣ, тоқиҳо ва ғайра тайёр менамуданд.

Пешниҳоди Пешвои маҳбуби миллат ба рушди ҳунарҳои мардумӣ заминаи мусоид фароҳам оварда, ба касбу ҳунарҳои мардумӣ ва эҳёи фарҳанги миллатамон умри дубора бахшид. Бо ин роҳ ташкили ҷойҳои нави корӣ ба миён омада, ба ин васила сатҳи некӯаҳволии мардум беҳтар гардида истодааст.

Инчунин, дар чорабинӣ намоиши сару либосҳои миллӣ, ба мисли чакан, атлас, адрас ва гулдӯзӣ,  ҳунарнамоии ҷавондухтарони деҳот пешкашӣ ҳозирин гардонида шуда, беҳтаринҳо бо Сипоснома ва туҳфаҳои хотиравии Кумитаи иҷроияи  ҲХДТ дар ноҳияи Панҷ сарфароз гардонида шуданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg