БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

МАЪБОНРО ПАЙВАСТА ДАСТГИРӢ КУНЕД!

ХОВАЛИНГ. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Кормандони  Кумитаи иҷроияи ҲХДТ  дар ноҳияи Ховалинг дар ташкилоти ибтидоии “Оби равшан” оид ба фаҳмонидани самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ суҳбат гузарониданд.

Саидҷалол Сатторов  дар бораи пешниҳодҳои нави дар Паём ирогардида, истифодаи сарфаҷӯёнаи нерӯи барқ, хатари ба ҷомеа ва ҳар як оила доштаи терроризму экстремизм, роҳҳои пешгирии ҷавонон  аз шомилшавӣ ба ҳизбу ҳаракатҳои террористӣ, ҷаҳонишавӣ, истифодаи мақсаднок аз  технологияи муосир ва дигар самтҳои муайянгардидаи фаъолияти ҲХДТ ба таври муфассал маълумот дода, ба суолҳои ҳозирин ҷавобҳои қаноатбахшкунанда гардонид.

Дар асоси Аксияи ҳизбии “Якҷоя ҳал мекунем! ба шахси маъюб Абдузоир  Каримов, ки солҳо дар бистари беморӣ мебошад,  ба маблағи муайян кӯмаки молиявӣ ва  аробачаи маъюбӣ  кӯмак карда шуд.      

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg