БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ТОЗАЮ ОЗОДА НИГОҲ ДОШТАНИ ОРОМГОҲ ЯКЕ АЗ ФАЗИЛАТҲОИ НЕКИ ИНСОНИСТ!

ЛЕВАКАНТ. Ба истиқболи сазовори ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ. Дар асоси накша-чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Левакант оид ба  дар амал татбиқ намудани Аксияи ҳизбии «Якҷоя ҳал мекунем!» корҳои мавсимӣ,  аз қабили тоза намудани оромгоҳҳо, дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Ваҳдат бо саҳми фаълон, аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ, инчунин  намояндагони  Кумитаи иҷроияи шаҳрии ҳизб  доир карда шуд.

Дар даромадгоҳи оромгоҳ, ки ҳамчун оромгоҳи марказӣ ба ҳисоб меравад,  дар фасли зимистон ҳаракат кардан дар он хатарнок буда, бо ташаббуси узви фаъоли ҳизб,  соҳибкори маҳаллӣ  Неъмат Беғамов як қатор корҳои ободонию созандагӣ  анҷом дода шуд.

Дар ҳашари умумӣ беш аз 100 нафар сокинон  ба кор  баромада,  роҳрави даромадгоҳи оромгоҳ бетонпӯш ва ду тарафи роҳи автомобилгарди шафати он  васеъ карда шуд.

Пас аз анҷоми  корҳои амалӣ масъулини ҳизбӣ атрофи  ҳадафҳои созандаи ҲХДТ суҳбати муфоид доир карда, дар он масъалаҳои мубрами рӯзро мавриди баррасӣ қарор доданд, ки аз ин вохӯрии судманд иштирокдорон ба худ таассуроти нек бардоштанд.  

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg