ДАНҒАРА. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Дар ташкилоти ибтидоии “Қаюмобод”-и ҷамоати деҳоти Лолазор оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизбӣ хониши сиёсӣ баргузор гардид.
Дар чорабинӣ Каримзода Пирмуҳаммад раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Данғара иштирок намуда, шукугузорӣ аз Ваҳдату Истиқлолияти ватани маҳбубамон, Даҳсолаи байналмилалии амал "Об барои рушди устувор, 2018-2028”, 2019-2021 Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ таъсиси сехҳои дӯзандагӣ барои занони хонашин, ҷалби занону бонувон барои касбомӯзӣ, эҳёи ҳунарҳои мардумӣ, сохтмони марказҳои саломатӣ аз тарафи соҳибкорони деҳа, пешгирии ҷудошавии оилаҳои ҷавон, таъмир ва азнавсозии мактабҳои замонавӣ дар деҳа, суханронӣ намуда, ҳамагонро ба ҳушёриву зиракии сиёсӣ,татбиқи ҳадафҳои созандаи ҲХДТ даъват кард.