БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

МУЛОҚОТИ НАВБАТИ БО АЪЗОИ ҲИЗБ ДАР ДЕҲОТ

ВОСЕЪ. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ бо мақсади роҳандозӣ намудани ҳадафҳои оиномавии ҲХДТ дар маӽаллаи  Амиршоев-1 ҷамоати шаӽраки Ӽулбук мулоқот баргузор гардид.

Зимнан, дар вохȳрӣ Иботов Диловар оид ба  пешгирии ҷавонон аз шомилшавӣ ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ суханронӣ намуда,  қайд кард, ки, Пешвои миллат ба ҷавонон таъкид менамоянд, ки : «Ҳангоми истифодаи маълумотҳои интернетӣ, мутолиаи маводи шабакаҳои иҷтимоӣ ҳамеша бо ақлу заковат ва донишу хиради худ такя  намоед, фирефтаи  ҳар гуна дассисаву тарғиботи бегонаи ғаразнок нашавед, бо калонсолон ва падару модарони худ сари ҳар як масъала маслиҳат кунед, зеро шумо аз онҳо дида, машваратчии беҳтарро дар зиндагӣ пайдо намекунед».

Падару модарон дар масъалаи шинохти масъулияту рисолати азалӣ ва таълиму тарбияи фарзанд бояд диққати ҷиддӣ диҳанд. Ба таъкиди Ҷаноби Олӣ падару модарон бояд муошират ва мукотибаи фарзандони худро назорат кунанд, онҳоро аз таъсири манфии сомонаҳои тарғибкунандаи зӯровариву фаҳш ва дигар рафторҳои ғайри ахлоқӣ, инчунин аз ҳар гуна даъвату тарғиботи тундгароёна ҳифз намоянд.

Дар охир Аксияи ӽизбии «Якҷоя ӽал мекунем!» ва инчунин, ба истиқболи 30- солагии Истиқлолияти давлатӣ корӽои созандагию бунёдкорӣ даъват ба амал оварда шуд.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg