БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ТАБРИКОТИ РАЁСАТИ КУМИТАИ ИҶРОИЯИ ҲИЗБИ ХАЛҚИИ ДЕМОКРАТИИ ТОҶИКИСТОН ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН БАХШИДА БА “РӮЗИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ”

Раёсати Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон тамоми ҳамсафону ҷонибдорон ва кулли мардуми Тоҷикистони азизро бо 22 – юмин солгарди “Рӯзи Ваҳдати миллӣ” муборакбод менамояд.

Бисту ду сол қабл, яъне 27 июни соли 1997 бо имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар ҳаёти сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангии мамлакат марҳилаи нав оғоз гардид.

Бо кӯшишу талошҳои пайгиронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва албатта, бо пуштибонии халқи азизи Тоҷикистон ҳуҷҷати таърихӣ - Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ ба имзо расида, ваҳдату ҳамдигарфаҳмии миллиро ҳамчун омили асосии наҷоти миллат ва давлат эълон намуд.

Баъди ба имзо расидани ин санади муҳимми таърихӣ дар мамлакати мо марҳалаи нав – марҳалаи сулҳу субот, ба Ватан ва хонаву кошонаи худ баргаштани гурезаҳо ва фирориёни иҷборӣ, инчунин давраи корҳои барқарорсозии харобаҳои ҷанг оғоз шуд.

Ба шарофати сулҳу субот ва иродаи матини мардуми шарифи Тоҷикистон мо тавонистем дар таъмини рушди муназзами иқтисодиву иҷтимоӣ ва фарҳангиву маънавии кишвар қадамҳои устувор гузорем.

Ҷойи таъкиди хос аст, ки дар ин раванди неку созанда мо, пеш аз ҳама, ба ақлу заковати азалии мардумамон такя кардем. Зеро табиати миллати тоҷик аз сифатҳои дӯстиву рафоқат, ватанпарастиву садоқат ва дӯстдории фарҳангу маърифат сиришта шудааст ва ҳамин фазилатҳои худодод дар он айёми тақдирсоз нақши барҷаста бозиданд.

Густариши пайвастаи худогоҳиву худшиносӣ ва таблиғи аҳаммияти ваҳдати миллӣ дар миёни мардум, бахусус наврасону ҷавонон яке самти муҳимтарини фаъолияти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон мебошад.

Бинобар ин, ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон, ҳар фарди бонангу номуси миллат бояд зарурати таърихӣ ва рисолати аслии худро дар он бинад, ки ваҳдат ва ризоияти миллии мо пояндаву ҷовидон бошад, сарфи назар аз мавқеи иҷтимоӣ ва сиёсӣ, зери ин сиёсат муттаҳид шуда, барои таҳкими ваҳдати миллӣ ва созандагиву ободкории Ватан фаъолона ширкат намояд.

Зеро, Ваҳдати миллӣ сутуне мебошад, ки давлат ва миллати моро пойдору устувор нигоҳ медорад ва вазифаи муқаддаси ҳамаи мо аз он иборат аст, ки бо заҳмати созанда ин пояи давлатдории миллиамонро боз ҳам таҳким бахшем.

Итминони комил дорем, ки ҳизбиёни ҷумҳурӣ ва умуман мардуми сарбаланди Тоҷикистон минбаъд низ ба хотири созандагии Ватан, барои таҳкими ваҳдату ҳамбастагӣ ва рушди босуботи кишвари азизамон саъю талош мекунанд ва дар ин ҷода низ намунаи ватандӯстиву ободгарӣ нишон медиҳанд.

Бори дигар тамоми ҳамсафону ҷонибдорон ва кулли мардуми Тоҷикистони азизро бо солгарди муқаддастарин иди миллӣ “Рӯзи Ваҳдати миллӣ” муборакбод гуфта, таманно мекунем, ки ҳамеша дар Тоҷикистони азизи мо фазои сулҳу оромӣ ҳукумфармо бошад ва мардуми сарбаланди тоҷик дар фазои ваҳдат зиндагии осуда дошта бошанд!

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg