БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

МАҶЛИСИ РАЁСАТИ КУМИТАИ ИҶРОИЯИ ҲХДТ ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН БАРГУЗОР ГАРДИД!

Нимаи дуюми рӯз 25.06.2019 маҷлиси Раёсати Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон таҳти раисии Раҳмонзода Абдулло баргузор гардид.

Дар маҷлиси Раёсати Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон 4 масъала мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифт:

1. Ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолияти Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон дар нимсолаи якуми соли 2019.

2. Ташкили обуна ба нашрияҳои ҳизбии «Минбари халқ» ва «Ҳамрози халқ» барои соли 2020.

3. Тасдиқи “Ҷадвали баргузории хонишҳои сиёсӣ ва татбиқи амалии Аксияи ҳизбӣ таҳти унвони “Якҷоя ҳал мекунем” дар нимсолаи дуюми соли 2019”.

4. Масъалаҳои ҷорӣ.

Ҷиҳати баррасии масъалаи якуми рӯзномаи маҷлис Иброҳимзода Неъматулло - муовини раис - роҳбари дастгоҳи  Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар назди иштирокдорон оид ба фаъолияти Кумитаи иҷроияи  вилоятии ҳизб дар давоми 6 моҳи сипаришуда ҳисобот доданд.

Масъалаҳои  ташкили обуна ба нашрияҳои ҳизбии «Минбари халқ» ва «Ҳамрози халқ» барои соли 2020, тасдиқи “Ҷадвали баргузории хонишҳои сиёсӣ ва татбиқи амалии Аксияи ҳизбӣ таҳти унвони “Якҷоя ҳал мекунем” дар нимсолаи дуюми соли 2019 ва дигар масъалаҳои ҷорӣ мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифтанд. 

Раҳмонзода Абдулло – раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон қайд намуданд, ки самти асосии кори ҳар як ҳизби сиёсиро фаъолияти идеологӣ ва мафкурасозӣ ташкил медиҳад ва рисолати ҳизби сиёсӣ низ дар он ифода мегардад, ки то кадом андоза мардумро дар роҳи созандагиву бунёдкорӣ ва пешрафту шукӯфоӣ раҳнамои мекунад. Аз ин рӯ масъулин вазифадор карда мешаванд, ки дар доираи Аксияи ҳизбии таҳти унвони “Якҷоя ҳал мекунем” ва дар заминаи ташкилотҳои ибтидоии деҳаву маҳаллаҳо корҳои муайяну мушаххасеро амсоли роҳсозӣ, таъмири муассисаҳои соҳаи маориф, тандурустӣ, обкашонӣ, кӯмак ба ятимону камбизоатон ва ғайраҳоро анҷом дода, бо ин васила барои пирўз омадан дар интихоботи оянда заминаи устувор боқи гузоред.

Ҳамзамон дар рафти маҷлис аз фаъолияти баъзе Кумитаҳои иҷроияи шаҳру ноҳияҳои вилоят мавриди баррасӣ қарор дода шуда, барои бозҳам ҷоннок намудани фаъолият ба раисони Кумитаи иҷроия дастурҳои мушаххас доданд.  

Аз рӯи ҳамаи масъалаҳои барасишуда қарорҳои дахлдор қабул гардид.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg