БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Сохтори ҳизбиро шахсони арзанда роҳбарӣ мекунанд

МУЪМИНОБОД. Дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Муъминобод  бо иштироки  раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон Раҳмонзода Абдулло Қурбоналӣ ва узви Кумитаи иҷроияи вилоятӣ ва ноҳиявии ҲХДТ, раиси ноҳияи Муъминобод Амиршозода Тоҳирхон Темур маҷлиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон  дар ноҳия баргузор гардид.

 Дар маҷлис инчунин,  раисони ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ, фаъолон, собиқадорони ҳизбу меҳнат, бахши намояндагии ТҶҶ «Созандагони Ватан» роҳбарони ташкилоту муассисаҳо иштирок дошта, дар маҷлис 2  масъала мавриди баррасӣ қарор дода шуд:PICT0909.JPG

Масъалаи якуми маҷлис дар бораи озод намудани раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Муъминобод Гулсунбӣ Раҷабова  бо сабаби ба сини мубораки  нафақа расидан ва интихоби раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Муъминобод.

Зимни баргузории маҷлис иштирокдорон аз фаъолияти пурсамари  роҳбарии Гулсунбӣ Раҷабова дар ноҳия изҳори миннатдорӣ намуда,  баҳри эҳтиром ва қадршиносӣ аз ҷониби Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон ва мақомоти иҷроияи ноҳия ӯ бо Сипоснома ва туҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардонида шуд.  

PICT0902.JPGБа раиси тозаинтихоби он  Салоҳиддин Мирзобаротов баҳри амалӣ гардидани ҳадафҳои барномавии ҲХДТ барору комёбӣ таманно карданд.  Гулсунбӣ Раҷабова ва ҳамчунин Салоҳиддин Мирзобаротов дар навбати худ миннатдориашонро ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҲХДТ  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри дастгириҳои пайваста дар амалӣ намудани ҳадафҳои барномавии ҳизб баён доштанд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg