БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон – такягоҳи ҷавонон аст!

ЛЕВАКАНД. Дар натиҷаи бурдани корҳои ташвиқотиву тарғиботӣ ва фаҳмондани самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизб аз ташкилоти ибтидоии «Маорифчиён», 16 нафар мураббиёну кормандони Муассисаи давлатии таҳсилоти томактабӣ № 1, 2, 3-и шаҳр барои аъзо шудан ба сафи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон  ариза пешниҳод карда буданд, намояндагони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Леваканд ба аъзои нави ҳизб шаҳодатномаҳои ҳизбиро дар вазъияти тантанавӣ супориданд.

Инчунин, дар ин росто, дар ташкилоти ибтидоӣ вохӯрӣ баргузор намуда, иброз доштанд, ки таҳти сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти кишвар, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон масъулияти олии ватансозӣ ва таъмини амнияту осудагии Тоҷикистон ва халқи онро ба дӯш дорад.

Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҳамчун ниҳоди пешбаранда ва нерӯи созандаву муттаҳидсози ҷомеаи шаҳрвандӣ ва муҳофизи арзишҳои миллию фарҳангии Тоҷикистон салоҳият ва мартабаи баланд доштанро нишон дода истодааст. Фаъолияти фарогири ҳизб бозгӯи он мебошад, ки дар байни мардум маҳбубияти хос дорад.

Дар амри созандагию бунёдкорӣ ва таблиғи дастовардҳои ҷумҳурӣ Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон обрӯ ва нуфузи бузург пайдо карда, барномаҳои он танҳо барои пешрафту тараққиёти мамлакат, беҳдошти зиндагии мардум ва таҳкими сулҳу субот нигаргонида шудаанд.

 

 

 

 

 

 

 

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg