БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

КАБИРӢ МЕХОҲАД ИН САРЗАМИНИ БИҲИШТОСОИ МОРО БА ЧАНГИ ДУШМАН БИДИҲАД!

ВОКУНИШ.Дар тули солҳое, ки миллати тоҷик истиқлолиятро ба даст овардааст, ҳаёти мардуми тоҷик бисёр ҳам осоишта гашта, ранги дигар гирифтааст. Ҳамаи мардуми мо фахр аз сарвари хубу меҳрубон мекунанд, чунки ватан обод, сулҳу амони пойдор ва  зиндагии осоишта доранд.

Вале имрӯзҳо бадхоҳони миллат, душманони давлати  осоиштаи мо, хоинони миллат аз ҷумлаи Кабирӣ мехоҳад ин сарзамини биҳиштосои моро ба чанги душман бидиҳад. Шукр аз Худованди муттаъол мекунем, ки ба мо сарвари дилсузу ғамхор,  меҳрубону  ватанпарвар ато фармудааст, то нагузорад бар миллату бар пояи давлати тоҷик аду роҳбари намояд. Кабирӣ мехоҳад давлату миллати тоҷикро сиёҳ намуда, бо дастгирии душманони хориҷӣ аз ҷумлаи хоҷагонаш, давлати соҳибистиқлол ва гулгулшукуфони  моро ба хоку хун кашида, равияву мазҳабҳои дигарро барои мардуми тоҷик, ба сари мардум маҷбуран бор намоянд.

          Воқеан ҳам Кабирӣ хоини лаънатии оқи миллат, оқи ватан, гумроҳу  фирефтаи он душманону бадхоҳони миллати тоҷик гардида,  Тоҷикистонро дубора ба ҷанг кашиданист. Вале  ҳеҷ як нафаре намондааст, ки палиди мурдор будани уро надонад. Ҳатто ҳамаслаконаш уро тарк карда, аз ӯ руй гардонида ба ватан баргашта  истодаанд. Ва дар бораи ӯ чунин гуфтаниам :

Эҳ Кабирӣ фанд хурди пеши хеш,

Сад нафарро макр карди вақти пеш.

Оядат лаънат зи миллат, зи Худо,

Ҳеҷ хар одам нашавад билҳудо.

Руйсиёҳ гаштааст пеши ҳама,

Чун палиди мурдор шуд зам – зама.

Ҳайф бар ту лаънатии бешараф,

Даҳруяи ту. Нараси бар ҳадаф.

Чун рубоҳ маккори айём гаштаи,

Лек аз роҳи бадӣ нагзаштаи.

Ту Кабирӣ  хоини миллат шудӣ,

Пеши халқи тоҷикон муртад шудӣ.

 

Каримов Лоиқҷон , мудири шуъбаи кор бо ҷавонон ва занони   КИ ҲХДТ  дар ноҳияи Темурмалик                     

 

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg