БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ВАҲДАТИ МИЛЛАТ БАҚОИ ДАВЛАТ АСТ!

АНДЕША. Имсол  дар тамоми сарзамини Ватани мо- Тоҷикистони азиз

27 солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ ва ягонагии мардуми кишварамон таҷлил мегардад. Ин санаи муҳими тақдирсоз ба таърихи халқи тоҷик чун як дастоварди  бузург дохил гардид.

Пас аз бебарор анҷомидани "табадуллот"-и 19-21 августи соли 1991 дар Москва, аз 24 августи соли 1991 дар Душанбе гирдиҳамоии ҳизбу ҳаракатҳои мухолифин бо талаботҳои ба истеъфо баровардани Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сарварии Президент Қаҳҳор Махкамов, боздоштани фаъолияти Ҳизби коммунистии Тоҷикистон  ва эълон намудани истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. 9 сентябри соли 1991 иҷлосияи ғайринавбатии Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Дар бораи истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Изҳорот ва қарор қабул намуд. Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун давлати сохибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона 9 сентябри соли 1991 арзи вуҷуд кардааст.

Ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон дар моҳҳои май - июни 1992 оғоз ёфт. Аз ҳамин давра эътиборан ва то ба имзо расидани созишнома дар бораи оташбас охири соли 1994 низоъҳои мусаллаҳона гоҳ-гоҳ , алалхусус дар ҷануби Тоҷикистон ба вуқӯъ мепайвастанд. 5 майи соли 1992 - 27 июни соли 1997 – ҷанги шаҳрвандӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон давом кард. Зарари иқтисодии ин ҷанг зиёда аз 10 миллиард доллари амрикоиро ташкил дод.

Маҳз бо кӯшишҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  27 июни соли 1997 баъди 8 даври гуфтушуниди (солҳои 1994-1997) байни тоҷикон (байни Ҳукумати ҷумҳурӣ ва тарафи мухолифин), дар шаҳри Москва, аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва сарвари мухолифини тоҷик Саид Абдуллои Нурӣ “Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон” имзо гардид. Аз 4 июни соли 1997- 1 апрели соли 2000 Комиссияи Оштии миллӣ фаъолият намудааст. Дар Комиссияи Оштии миллӣ 26 нафар (13 нафар аз ҷониби Ҳукумати ҷумҳурӣ ва 13 нафар аз мухолифини тоҷик) аъзо буданд. Комиссия санадҳои Созишномаи умумии сулҳ аз 27 июни соли 1997- ро амалӣ карда буд. 27- июн –“Рӯзи Ваҳдати миллӣ” дар Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон гардид. Cозишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ  дар саросари мамлакати мо сулҳу оромӣ таъмин намуд.

Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ  сангарҳоро шикаст, кинаю адоватро  аз дилҳо дур кард, захмҳоро шифо бахшид, мардуми тоҷикро гирди  дастархони ваҳдат  ва якдигарфаҳмӣ ҷамъ намуд.

Ин санади муҳими тақдирсоз умеди зиндагии осуда ва ояндаи некро дар дили халқ бедор кард ва мардумро зери парчами Ватани азизамон муттаҳид сохт, истиқлолияти комилро аз ҳамагуна  манфиатҳои ҳизбию гуруҳи болотар гузошт.

Роҳи пешгирифтаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар пойдории сулҳ ва ризоияти миллӣ  аз ҷониби  ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун як таҷрибаи нодири таърихӣ эътироф гардид.

Ваҳдату ягонагӣ,  сулҳу салоҳ, якпорчагии кишвар имкон дод, ки дар Тоҷикистони азиз дигаргуниҳои куллии иқтисодӣ ба амал оянд. Мардуми кишвар таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дигаргуниҳои иқтисодиро якдилона дастгирӣ намуда, дар як муддати кӯтоҳи даврони истиқлолият тавонистанд, ки аз захираву имкониятҳои мавҷуда истифода бурда, ба азнавсозию бунёдкории сарзамини худ камари ҳиммат банданд.

Оғози сохтмон ва ба истифода додани корхонаҳои азими саноатӣ, таҷдид ва сохтмонҳои нави Неругоҳҳои обии барқӣ, роҳҳои оҳан ва автомобилгард, кушодани нақбҳои мошингард дар Ҷумҳурӣ исботи онанд, ки ваҳдату ягонаги кафили пешравии Тоҷикистони соҳибистиқлол мебошад.

Бо мақсади муттаҳид намудани ҳизбу созмонҳои мухталиф, барои таҳкими сулҳу салоҳ ва пешрафти кишвар дар Ҷумҳурии Тоҷикистон  аллакай 22 сол аст, ки ҳаракати Ваҳдати Миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон фаъолият дорад. Алҳол дар сафҳои ҳаракати мазкур зиёда аз 30510 нафар шаҳрвандони ноҳия дар 92 ташкилотҳои ибтидоӣ муттаҳид гардида, баҳри амалӣ гардонидани ҳадафҳои он фаъолият доранд.

Бо саъю талоши ташкилотҳои ибтидоии ин ҳаракат дар ноҳия сатҳи фаъолияти корхонаю муассисаҳо беҳтар гашта, заҳматкашони ноҳия ба дастовардҳои назаррас ноил гардида истодаанд. Махсусан, муваффақиятҳо дар соҳаҳои саноат,кишоварзӣ, фарҳанг, маориф ва  тандурустӣ сол аз сол рӯ ба афзоиш оварда истодаанд.                             

Вохӯриҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат,Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо аҳолӣ, Паёми навбатиашон  ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқотҳо бо кормандони сохторҳои гуногун, бо ҷавонону варзишгарон аз ғамхориҳои ҳамаҷонибаи Сарвари Давлат дар бобати рушду тавсиаи  соҳаҳои маориф, фарҳанг, маънавиёт, варзиш ва тандурустӣ, таъсиси ташкилотҳои ибтидоӣ гувоҳӣ медиҳанд.

Сиёсати хирадмандонаи Президенти  мамлакат ва Ҳукумати Ҷумҳурӣ  самтҳои сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишварро муайян месозад, дар ин раванд амалиётҳои терроризми байналмилалиро маҳкум намуда, ҷаҳониёнро ба ваҳдату ҳамбастагии умумибашарӣ ҳидоят мекунад.

Сарвари давлат аз ибтидои фаъолияти худ ба ҳадафҳои наҷибонаашон содиқ монда, барои мо сулҳу ваҳдат ва ягонагии ҷовидона оварданд. Мо бо шукргузорӣ  аз ваҳдату ягонагӣ барои рушди ҳамаҷонибаи Ватани азизи худ саъю талош меварзем.

Ваҳдату ягонагӣ, сулҳу суботи сиёсӣ рӯз то рӯз инкишоф ёфта оҳанги умумибашарӣ  касб мекунад. Дар ин раванд хизматҳои муноxии сулҳ ва кафили ваҳдату ҳамдигарфаҳмии аҳли кишвар Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  баcо бузург аст.

Пойдории сулҳу оромӣ дар тамоми сайёра ҳадафи асосии сиёсати хориҷии сарвари давлати Ҷумҳурии мо мебошад.

Дар ин замина, бо ҳамбастагии давлатҳои абарқудрати ҷаҳони муосир- Русия, Амрико, Иттиҳоди Давлатҳои Аврупо, Чин ва дигар мамолики шарқ, ҳамзамон, бо дастгирии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва Иттиҳоди Давлатҳои Шартномаи Шанхай мубориза алайҳи терроризми байналхалқӣ ва экстремизми динӣ афзуда, ваҳдату ягонаи умумибашарӣ дар сайёраи замин боз ҳам мустаҳкамтар мегардад.

Воқеан, имрӯз ваҳдати миллӣ  ва ягонагии мардуми Тоҷикистон беш аз пеш камол ёфта, моро ба ояндаи фирӯз ва рӯзгори ибратомeз ҳидоят месозад. Саодати миллат дар сулҳу ваҳдат, ягонагии миллӣ ва сиёсати хирадмандонаи роҳбарияти давлати ӯст.

 

Раҳматуллозода Мақсудҷон. раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Ёвон 

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg