БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ЗАНОН ҲАМ БАРОБАРИ МАРДОН ФАЪОЛИЯТИ ПУРСАМАР ДОРАНД

ХУРОСОН. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Дар доираи «Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ»  бо иштироки кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Хуросон дар ташкилоти ибтидоии «Ваҳдат»-и ҷамоати деҳоти Фахробод атрофи самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ  суҳбат баргузор гардид.

Дар ҷамъомад масъулин атрофи санаи муҳими  таърихӣ 22-юми солгарди Рӯзи Ваҳдати  миллӣ андешаронӣ карда, ҳамагонро бо фарорасии ин иди муқаддас табрику шодбош гуфтанд.

Баъдан дар масъалаи  нақши занон дар  пешрафту  ободии Ватан дар  даврони соҳибистиқлолии кишвар,  самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ  андешаронӣ намуда, зикр карданд, ки  занону  бонувони тоҷик  дар  ҳама соҳаҳои хоҷагии халқи мамлакат дар баробари мардон    фаъолияти пурсамар дошта,  аз ин хотир  Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қадру манзалати  занонро дар ҷомеаи имрӯза баланд бардоштааст.

 Дар охир дар доираи Аксияи ҳизбии «Якҷоя ҳал мекунем!» 3 километр роҳи деҳа сангфарш карда шуд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg