ТЕМУРМАЛИК. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Мулоқоти навбатии раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Темурмалик Раҷабзода Маҳмадсаид дар ташкилоти ибтидоии “Боғи Темур” баргузор гардид.
Мавсуф зимни суҳбат аз дастоварди муҳими соли 2018 – қабули Барномаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор» солҳои 2018 – 2028, ба истифода додани чархаи якуми НБО-и Роғун ва барқарор шудани муносибатҳо дар ҳамаи соҳаҳо бо Ҷумҳурии Ӯзбекистон саноатикунонии босуръати кишвар-ҳадафи чоруми миллӣ!” баррасӣ намуд.
Дар охир вобаста ба татбиқи амалии Аксияи ҳизбии “Якҷоя ҳал мекунем!” сокинон тасмим гирифтанд, сади роҳи обро, ки ҳангоми боридани боронҳои сел ба деҳа зарар расонида буд, соҳилбандӣ намоянд.