ПАНҶ.Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Дар деҳаи Сомонӣ-3 ҷамоати деҳоти Намунаи ноҳияи Панҷ оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ вохӯрӣ доир гардид.
Дар мулоқот узви фаъоли ҲХДТ, раиси ҷамоати деҳоти Намуна Гурезов Сайҷаъфар ва аъзову ҷонибдорони ташкилоти ибтидоии “Дўстӣ” ширкат намуданд.
Ҳамчунин дар ҷамъомад Файзизода Каримҷон – раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Панҷ иштирок намуда, зимни баромади худ қайд кард, ки вазъи ҷаҳони имрӯза ва амалҳои мудҳиши террористие, ки дар тамоми дунё қариб ҳар рӯз доир гардида, одамони зиёди бегуноҳ қурбонӣ шуда истодаанд. Зимнан, оид ба баланд бардоштани сатҳи огоҳии мардум аз хатари терроризму экстремизм, роҳҳои пешгирӣ аз он, аз байн бурдани таассуби динӣ ва хурофотпарастӣ, пешгирӣ аз бегонапарастиву майл ба фарҳанги бегона, пешгирӣ аз истифодаи нодурусти технологияи муосир ва шабакаҳои иҷтимоӣ, тарбияи фарзандон дар руҳияи ватандӯстиву ватансозӣ, бо мақсади он, ки онҳо бо амалҳои созанда бар зидди ин зуҳуроти номатлуб мубориза баранд, зиракии сиёсиро аз даст надода, дар ҳифзи амнияти ҷомеаву давлат омода бошанд.