ЛЕВАКАНТ. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Намояндагони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Левакант дар ташкилоти ибтидои ҳизбии КВ «Пойгоҳи вагонҳои боркаш» оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ хониши сиёсӣ баргузор намуданд.
Масъулини ҳизбӣ дар назди ҷамъомадагон оид ба сиёсати хирадмандона ва ба ободонию бунёдкорӣ равонашудаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дастовардҳои замони соҳибистиқлолӣ, ғояҳои созандаи ҲХДТ суханронӣ намуда, аҳли ҷомеаро барои саҳмгузорӣ дар ободонии Ватан ва омодагии ҳамаҷониба ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти Ватанамон даъват карданд.