КӮШОНИЁН. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Дар ташкилоти ибтидоии “Идораи давлатии беҳдошти замин ва обиёрии ноҳия”-и Кӯшониён вохӯрии намояндагони Кумитаи иҷроияи ноҳиявӣ баргузор гардид, ки ба ҷашни дарпешистодаи Ваҳдати миллӣ иртибот дошт.
Масъулин сараввал ҳозиринро ба муносибати фарорасии Рӯзи Ваҳдати миллӣ табрик гуфта, оид ба аҳамияти таърихии Ваҳдати миллӣ ва саҳми бузурги ҲХДТ дар ин самт ибрози андеша намуданд.
Инчунин, қайд карданд, ки ҳар яки мо аъзои фаъоли ҲХДТ дар ноҳия барои дар сатҳи баланд истиқболу таҷлил намудани ин ҷашни муқаддас масъулият эҳсос намоем ва бо дас товардҳои назаррас таҷлил кунем.