БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ҲАДАФ ИСТИҚБОЛИ САЗОВОРИ 30-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ

ДАНҒАРА. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Дирӯз дар  ташкилоти ибтидоии “деҳаи Чорсада”-и  ҷамоати деҳоти Лолазори ноҳияи Данғара вобаста ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизбӣ  вохӯрӣ баргузор гардид.

Намояндагони Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизб ҷиҳати истиқболи сазовори 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ, таъризи  таъсисёбии Рӯзи Ваҳдати миллӣва нақшион дар таҳкими сулҳу суботи кишвар, татбиқи самараноки барномаҳои созандагии рушди маҳал ва деҳот, шукргузорӣ аз дастовардҳои  замони соҳибистиқлолии кишвар, ҷалби занону бонувон барои касбомӯзӣ, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу  ҳаракатҳои номатлуб, беҳтар намудани сатҳи зиндагӣ  суханронӣ карданд.

Дар охир аз иштирокдорон даъват карда шуд, ки барои истиқболи сазовори ҷашни муқаддасу миллиамон 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ биёед, сарҷамъона дар корҳои ободониву созандагӣ иштирок намоем.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg