
ЁВОН. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Чанде қабл бо ибтикори бевоситаи ташкилоти ибтидоии «Ваҳдат -1» ва дастгирии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия дар доираи Аксияи ҳизбӣ таҳти унвони «Якҷоя ҳал мекунем!» ва ба истиқболи сазовори ҷашни байналмилалии Наврӯз ва 30 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки зиёди аҳолии деҳаи Ваҳдати Ҷамоати шаҳраки Ҳаёти Нав ҳашари умумӣ ташкил карда шуд. Дар ҳашар гирду атрофи оромгоҳи деҳа тозаву озода карда шуда, ба масофаи 1 километр ба деҳа об оварда шуда истодааст.
Имрӯз мардуми деҳаи Ваҳдат сиёсати созанда ва бунёдкори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дастгирӣ намуда, дар доираи эълон гардидани солҳои 2019-2021 ҳамчун «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» маҳали худро ободу зебо менамоянд.