ХОВАЛИНГ. Ба истиқболи сазовори ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ. Дар ташкилоти ибтидоии “Дараи ҳавз”-и Ҷамоати деҳоти Ҷомбахти ноҳияи Ховалинг оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизби хониши сиёсӣ баргузор гардид.
Дар назди ҷамъомадагон мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ховалинг Сайҷалол Сатторов баромад намуда, ба онҳо ба таври муфассал маълумот дод.
Аз он ки ҳозирин барои ташкилу гузаронидани хониши сиёсӣ миннатдории бепоён баён намуданд, маълум шуд, ки онҳо барои шунидани чунин суҳбатҳо эҳтиёҷ доранд.
Баъдан гуфта шуд, ки имрӯз фазои иттилоотӣ дар деҳот ва махсусан деҳаҳои дурдаст холист. Мардум пайи рӯзгор ба вазъи сиёсии ҷаҳону ҷумҳурӣ, хавфу хатари афзояндаи терроризму экстремизм ва дигар падидаҳои номатлуб кам таваҷҷуҳ зоҳир менамоянд. Дар ин шароит мебояд, ки ташкилоту муассисаҳо ба кори оммафаҳмонӣ, тарғибу ташвиқ вазифадор ҳамеша дар байни мардум бошанд. Онҳоро ба вазъи кунунии ҷаҳон, ҷумҳурӣ шинос намоянд, то ки ба доми фиреби душманони давлату миллат наафтанд.
Дар охир дар асоси Аксияи ҳизбии “Якҷоя ҳал мекунем!” дар шафати муассисаи таълимӣ ду синфхонаи иловагӣ сохта шуда, корҳои бунёдкорӣ дар ин самт ҷараён дорад.