БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ҲИЗБИ ХАЛҚИИ ДЕМОКРАТИИ ТОҶИКИСТОН-ҲИЗБЕ, КИ ИНКИШОФУ РАВНАҚИ МАОРИФ МАРОМИ ӮСТ!

ҲАМАДОНӢ. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии шуъбаи маориф бо иштироки кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ хониши сиёсӣ гузаронида шуд.

Раиси Кумитаи иҷроияи ноҳиявӣ Давлатҷон  Ғаффорзода оид  ба сиёсати хирадмандона ва маорифпарваронаи Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомали Раҳмон бо ҷамъомадагон суҳбат намуда, қайд кард, ки давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба соҳаҳои илму маориф диққати ҷиддӣ дода, ислоҳотро дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот идома медиҳад ва мушкилоти мавҷудаи соҳаи маорифро давра ба давра бартараф мекунад. Дар доираи барномаи давлатӣ ва бо иштироки аҳолӣ дар се соли оянда беш аз 1050 муассисаи таҳсилоти томактабӣ ва умумӣ бунёд карда мешавад, ки қисми зиёди онҳо дар деҳоти кишвар пешбинӣкарда шудааст.

Дар соли 2018 дар кишвар аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳо 151 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ бо зиёда аз 73000 ҷойи нишаст ба истифода дода шуд ва ин раванд дар оянда низ идома хоҳад ёфт.

Дар охир оид ба ҳадафҳои олии ҲХДТ ва самтҳои афзалиятноки фаъолияти он суҳбату муколама сурат гирифт.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg