БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Тарғиби ҳунарҳои мардумӣ бо ҷалби ҷавондухтарон

ҚУБОДИЁН. Бо ташаббуси бахши кор бо занон ва ҷавонони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Қубодиён ва намояндагии ТҶҶ “Созандагони Ватан” дар ноҳия бо мақсади тарғиби омӯзиши ҳунари кадбонугӣ  ва ҷалби ҷавондухтарон ба ҳунарҳои миллӣ дар муассисаи таҳсилоти умумии №47-и ҷамоати деҳоти ба номи И.Ниёзови ноҳияи Қубодиён таҳти унвони “Нонпази беҳтарин” бо иштироки гулдухтарони  синфҳои болоӣ баргузор гардид. 

20180226_112500(1).jpgДар чорабинии мазкур ҳунарҳои духтарон оид ба пухтани таомҳои миллӣ ва маҳсулотҳои қаннондиву анвои нонӣ тибқи шартҳои муайян пешкаш гардида, аз ҷониби хонандагон барномаи фарҳангӣ-фароғатӣ омода карда шуда, иштирокдорон дар васфи  Тоҷикистон, сулҳу ваҳдати пойдори он  ва Наврӯзи байналмилалӣ  шеърҳо қироат карданд.

Дар фароварди чорабинӣ гулдухтарон бо туҳфаҳои хотиравии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Қубодиён  қадрдонӣ карда шуданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg