ФАРХОР. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор дар ташкилоти ибтидоии «Дарқад» вобаста ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ хониши сиёсӣ баргузор намуданд.
Дар мулоқот Абдураҳмонов Ҷамшедҷон дар назди ҳозирин баромад намуда, ҳозиринро ба муносибати ҷашни дар пешистода- Рӯзи Ваҳдати миллӣ табрику муборакбод намуд.
Инчунин, дар идомаи суҳбат атрофи самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ аз ҷумла, хатарҳои терроризму экстремизм, роҳҳои пешгирии гаравидани шаҳрвандон ба ташкилоту ҳаракатҳои иртиҷоӣ ва моҳияти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» суханронӣ карда шуд.
Сипас, байни иштирокчиён ва кормандони масъули ҳизбї оид ба самтҳои гуногуни равандҳои дохилию берунии сиёсї суҳбату гуфтугузорҳои судманд сурат гирифт.