БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Зинда он номе, ки дар дилҳои мардум ҷо гирифт

ЁВОН. Бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ёвон ва намояндагии ТҶҶ «Созандагони Ватан»  бахшида ба ҷашни 25-солагии таъсисёбии Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон Аксияи ҳизбӣ таҳти унвони «Ҳамватанони маъюбу   бепарастор ва ятимон ҳам зери таваҷҷуҳ ва дастгирии Ҳизби Ҳалқии Демократии Тоҷикистон қарор доранд!» дар муассисаи давлатии хона-интернати пиронсолон ва маъюбони ноҳияи Ёвон ва маркази иҷтимоии рӯзонаи «Умед» баргузор гардид.

Дар Аксияи мазкур аъзои намояндагии ТҶҶ «Созандагони Ватан» бо як масъулияти баланд иштирок намуда, бо шеъру суханҳо хотири бошандагони муассисаҳои мазкурро шод карданд.DSC_0276_0.JPG

Дар Аксияи ҳизбӣ аз ҷониби Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия ва аъзои намояндагии ТҶҶ «Созандагони Ватан» ба бошандагони муассисаҳои мазкур туҳфаҳо тақдим карда шуда,  дастурхони идона ороста шуд.

Бошандагони муассисаҳои мазкур бори дигар аз иқдоми навбатии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия ва намояндагии ТҶҶ «Созандагони Ватан» шоду масрур гардида, иқдоми навбатиро давоми ғамхориҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон арзёбӣ намуданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg