АНДЕША. Мунтазам баргузор шудани ҳамоишҳои калони сатҳи байналмиллалӣ дар Ватани маҳбубамон -Тоҷикистони соҳибистиқлол бори дигар аз он шаҳодат медиҳад, ки кишвари мо ҳамчун узви комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ ва кишвари аз лиҳози ҳалли масъалаҳои муҳими ҷаҳонӣ корсози собитқадам дар арсаи ҷаҳонӣ эътироф гардида, талошҳои арзанда ва пешниҳоди ташаббусҳои ҷаҳонии Пешвои миллати мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша таваҷҷуҳи назари намояндагони созмонҳои байналмиллалӣ ва мавриди амал дар сайёра қарор дорад.
Ҳамоиши панҷуми Машварати ҳамкориҳо ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё, ки рӯзи 15 июн дар дар пойтахти кишварамон шаҳри Душанбе таҳти раёсати Тоҷикистон доир гардид, бори дигар гуфтаҳои болоро собит намуд.
Сарони кишварҳои минтақаи Осиё дар нишасти навбатии кори машварат, ба масьалаҳои таҳкими муносибатҳои якдигарӣ дар фазои ноороми ҷаҳони муосир, тавсеа бахшидан ба ҳамкориҳо дар самти амният ва бехатарӣ дар Осиё, дар раванди мубориза бо терроризму экстремизм ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддирро баррасӣ ва ҳадафи асосии кори ҳамоиш арзёбӣ карданд.
Пешвои миллатамон таъкид карданд, ки дар марҳалаҳои бар дӯш доштани Машварат муколамаи созанда ва муоширати густурдаро миёни аъзои кишварҳои машварат ташкил намуда, шукуфоӣ ва рушди минтақаро вазифаи аввалиндараҷаи худ меҳисобад.
Тоҷикистон ҳамчун кишвари фаъоли ҷомеаи ҷаҳонӣ бори дигар диққати ҳамаро барои таҳкими сулҳу субот ва амният дар Осиё дар доираи эътимоди комил равона кард.
Тадбирҳои боварӣ имконият медиҳад, ки кишварҳои Осиё дар якҷоягӣ бар зидди хатару таҳдидҳои афзояндаи терроризму ифротгароӣ ва қочоқи маводи мухаддир, ки ба амнияти минтақавӣ ва байналмилалӣ хатар ба бор меорад, дастаҷамъона мубориза баранд. Пешвои миллатамон бори дигар таъкид карданд, ки имрӯз замоне расидааст, ки ҷиҳати мубориза бар зидди ин хатарҳо равиши наверо дарёфт намуда, тадбирҳои муштараки таъхирнопазир андешем.
Воқеият ин аст, ки мардуми Тоҷикистон баъди аз сар гузаронидани ҷанги таҳмилии шаҳравандӣ моҳияти сулҳ ва амониву осоиштагиро амиқ дарк менамоянд ва онро гиромӣ дошта, чун гаҳвараки чашм ҳифз менамоянд!
Шукруллозода Дилафрӯз, узви гурӯҳи вакилии ҲХДТ дар Маҷлиси
вакилони халқи ноҳияи Кӯшониён